Хатлон: Иштироки 12 000 нафар дар Дави миллӣ

Хатлон: Иштироки 12 000 нафар дар Дави миллӣ

Хатлон: Иштироки 12 000 нафар дар Дави миллӣ

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар Дави миллӣ бо иштироки 12 ҳазор нафар баргузор карда шуд.

Дар ин чорабинии варзишӣ шумораи занону бонувони иштироккунанда кам набуд. Танҳо аз ҳисоби занону бонувон 4 ҳазору 400 нафар ширкат варзиданд.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар ифтитоҳи Дави миллӣ гуфт, ки саҳми ҷавонон дар рушди варзиш, оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бузург аст. Ӯ афзуд, ки ба хотири ҷалби ҷавонон ба ҳаёти солим имрӯз шароити муносиб барои машқу тамрин фароҳам оварда шудааст. “Варзишгарони вилоят дар беш аз 26 чемпиноат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 120 медали тилло, 107 медали нуқра, 145 медали биринҷӣ, дар маҷмуъ 372 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 151 медал зиёд мебошад”,- таъкид кард вай.

Бояд гуфт, ки Дави миллӣ дар се бахш, марафони дучархаронӣ, марафони миёни наврасону ҷавонон ва кормандони ташкилоту идораҳои вилоятӣ гузаронида шуд. Дар охир ғолибон бо ифтихорнома қадрдонӣ шуданд.

МАШРАБИ АЛОВИДДИН

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...