Омори нави шахсони назоратшаванда дар Русия

Омори нави шахсони назоратшаванда дар Русия

Ба иттилои намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия, ба феҳристи шахсони назоратшаванда ба ҳолати ноябри соли 2025 зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон сабт гардидааст.

Ин намояндагӣ аз муҳоҷирони тоҷик хост то номи худро дар ин феҳрист санҷанд ва дар сурати будани номашон Русияро ихтиёран тарк кунанд, то аз даромадан ба ин кишвар манъ нашаванд.

Феҳристи шахсони назоратшаванда дар Русия 5-уми феврали соли ҷорӣ тартиб гардида буд, ки номи нафароне дар он ҳаст, ки ба гуфтаи мақомоти Русия қоидаҳои будубош дар ин кишвари мизбонро вайрон кардаанд.

Он замон мақомот гуфта буданд, ки номи 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ин “рӯйхати сиёҳ” ворид шудааст.

Ба онҳое, ки номашон дар рӯйхат буд, то сентябр мӯҳлат дода буданд, то будубоши худро қонунӣ намоянд.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...