Ҳаҷ дар соли 2023

Ҳаҷ дар соли 2023

Арабистони Саудӣ барои сафари Ҳаҷ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2023-юм 7 ҳазор квота ҷудо кардааст.

 

Дар ин бора аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим хабар медиҳанд. Манбаъ мегӯяд, ки харҷи сафари Ҳаҷ баъди дарёфти феҳристи зиёраткунандагон аз шаҳру навоҳии кишвар маълум хоҳад шуд. Арабистони Саудӣ дар пасманзари пандемия солҳои 2020 ва 2021 танҳо теъдоди маҳдуди зоирин ва дар соли 2022-юм 1 миллион нафарро иҷозат дод, то ба зиёрати Ҳаҷ раванд. Дар ҳамин ҳол, дар соли 2022 танҳо афроди аз 18 то 65-сола, бо эмгузаронии пурра аз коронавирус, бидуни бемории музмин метавонистанд ба Ҳаҷ сафар кунанд. Соли гузашта барои Тоҷикистон 3,5 ҳазор квота ҷудо шуда буд. Тибқи маълумоти тахминӣ, мавсими ҳаҷи имсола 19-уми июн оғоз мешавад.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...