Вохӯри бо консули генералии Тоҷикистон

Вохӯри бо консули генералии Тоҷикистон

Вохӯри бо консули генералии Тоҷикистон

Рӯзи 15-уми августи соли равон Консули генералии Тоҷикистон Зафар Саидзода бо Ёвари Ҳукумати Доғистон Камоллиддин Расулов дар вилояти Свердловск вохӯрӣ кард.

Далели наҷиби ин вохӯрӣ дар он буд, ки китоби муфтии Доғистон Шайх Аҳмадпир ибни Муҳаммади Аблулоҳ таҳти унвони “Боғи ахлоқи накӯкорон” ба забони тоҷикӣ ба нашр расонида шуд. Якчанд адад аз ин китоб аз ҷониби муаллиф ба дафтари Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург тақдим карда шуд.

Китоби тозанашри муфтӣ ва мутафаккири доғистонӣ ба эҳё ва тақвият додани ахлоқ ва беҳтар кардани тарбияи ҷавонон буда, аз ҷониби Саидбек Маҳмадуллоев аз арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда аст. Сарконсули тоҷик ҷиҳати баланд будани системаи тарбияи арзишманди ҷавононро баланд шуморида, ба нивисанда сипосгузорӣ кард.

Ҳамсуҳбатон дар атрофи ҳамкории байни мардуми тоҷику доғистонро бо якдигар баррасӣ карда, минбаъд ба ҷамъияти тоҷикони вилояти Сведловск воситаи таълиму тарбияро ба роҳ монда, муносибати байни миллатҳоро равнақ дода, ҳама гуна амалҳои реаксиониро маҳкум сохтанд.

Мавсуф ишора ба он карданд, ки Ҷумҳурии Доғистони Федератсия Россия дар бисёр нишондодҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи ин минтақаҳо дар ҷои аввал истода, метавонад манбаи ҳамкориҳои муфиди байни миллатҳо шавад. Дар ин замина Камолиддин Расулов гуфт, ки: “...сафари Сафири Фавкулъода ва мухтори Тоҷикистон дар Россия Давлатшо Гулмаҳмадзода ба Доғистон метавонад ангезиши қобили қабул гардад”.

Тарҷумаи Шамсиддини Муқим

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...