Ҷашни 1100 солагии қабули ислом дар шаҳри Болғари Тотористон муборак бод!

Ҷашни 1100 солагии қабули ислом дар шаҳри Болғари Тотористон муборак бод!

Аз 19-уми то 21 моҳи май дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон ХIII-мин иҷлосияи байналмиллалии иқтисодии Россия-ҷаҳони ислом: “ҚазонСаммит 2022”, намойишгоҳи “Ҳалол”-и кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои исломӣ ва ҷашни 1100 солагии қабули ислом баргузор гардид. Дар он аз 74 кишвари олам раисони ҷумҳурӣ, вазирон, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, сафирон, руҳониён, намояндагони зиёда аз 200 ВАО даъват шуда буд. Мухбири моҳномаи мо низ ҳамроҳи дӯстони хабарнигор дар ин ҷашн иштирок карда буд, ки каме аз хотиротро ба шумо пешкаш месозем. Бояд гуфт, ки хабарнигорони даъватшуда, барои зиёда аз 1 миллиард хонандаву шунавандаву бинанда, маводҳои зиёде аз ин ҷашн пешкаш кардаанд, ки боиси таҳсин аст.

Дар ин расм дар қатори 1 аз рост:

Ҳасан Ёро Ихаб - мухбири телевизиони “Ал-Маядин”-и Сурия.

Исмоил Муставоев - наворбардори телевизиони “Саҳар”-и Эрон.

Сафо Қараҷонӣ - оҷонсии “Анодолу”-и Туркия.

Эмин Рамазанов - оҷонсии “inCity.az”-ии Озарбойҷон.

Дар қатори 2 аз рост:

Артём Лаврийчук - наворбарбори телевизиони “Ал-Маядин”-и Сурия.

Бенжамин Кенел - мухбири рӯзномаи «Круа»-и Фронса.

Моҳаммад Албо Таслиҳ Имад Қадим - мухбири телевизиони «Al-Ishrak»-и Ироқ.

Шамсиддини Муқим - мухбири “Бо дуруд (Ас-салом)” Доғистон

Илдар Миргалимов - оҷонсии “Татмедиа” Тотористон.

Ралиф Гиззатов - оҷонсии “Татмедиа” Тотористон.

Иштиёқ Ҳамадонӣ Саид Ҳусейн - мухбири телевизиони “PTV”-и Покистон.

Салимзода Каримҷон Ҳасан - мухбири рӯзномаи «Занятость и миграция»-и Тоҷикистон.

Рӯзи 19 май Президенти Ҷумҳарии Тотристон Рустам Миннихонов меҳмонони олиқадрро қабул карда, бо сухани табрикотӣ аз ҷониби Президенти Россия муҳтарам Владимир Путин маъракаро кушода элон намуд. Дар толори намойишгоҳи корхонаҳои саноатӣ аз 50 давлат маҳсулоти маводи ғизо, ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллиро барои меҳмонон ба намойиш гузоштанд. Яке аз бузургтарин намойиши дастовардҳои мардумӣ аз кишвари Эрон буда, дар қасри “Кремл”-и шаҳри Қазон ороста шудаст, ки дари он 2 моҳ барои шаҳрвандон ва меҳмонон кушада аст.

Рӯзи 20 май дар қасри “Ратуша”-и поӣтахти Тотористон зиёда аз 50 шартномаҳои ҳамкорӣ байни кишварҳо ба имзо расонида шуд.

Рӯзи дигар, яъне 21 май дар ноҳияи Болғари соҳили дарёи Волга бахшида ба 1100 солагии қабули ислом дар ин минтақа баргузор карда шуд. Шумо дар расм “Осорхонаи Қуръон”-и Болғарҳоро мебинед, ки дохили он бузургтарин Китоб нигаҳ дошта мешавад. Дар марказ, дар қабати 1 осорхона, ягона Китобе вуҷуд дорад, ки дарозияш 2 ва бараш 1, 5 метр буда, вазнаш 500 килограмм мебодаш. Китоб бо фармойиши Хазинаи эҳёи осорҳои таърихӣ-фарҳангии Тотристон дар қоғаз, пӯсти гов, сангҳои камёфти махсус аз ҷониби забардастони Италия сохта шуда, дар китоби рекордҳои Гинес сабт шудаст. Барои кушодани Китоб, 5-8 нафар лозим аст, ки муқоваи онро бардошта кушоянд. Дар қабати поёнии осорхона расмҳоеро мебинем, ки дар таърихи рӯзи 16 маи соли 922 аз ҷониби халифи Бағдод Хони Болғарӣ исломро ҳамчуни дини расмӣ қабул дорад.

Достони кутоҳ чунин аст, ки соли 919 Олмушхони Болғарӣ ба шаҳри Бағдод намоянда равон карда буд. Баъдан соли 921 ба халифи араб Абӯ Аҳмад ибни Абдуллоҳ ал-Муктафои Биллоҳ, ки аз сулолаи Аббосиё буд, нома навиша, дубора фиристода равон мекунад. Аз халифи араб хоҳиш мекунад, ки 4 ҳазор динор барои қабули ислом ва сохтани аввалин масҷиди хиштӣ дар минтақаи соҳили ҳозираи дарёи Волгаро, ки асосан болгаҳо зиндагӣ мекарданд, дастгирӣ кунад. Соли 922 фиристодаи араб бо номи Аҳмад ибни Фазлон ибни ал-Аббос ибни Рашид ал-Бағдодӣ шаҳри Машҳади Форсро зиёрат карда, ба Болғар бо нома омада, қабули исломро дар ин минтақа расман эълон мекунад, ки дар расм он тантанаро мебинед. Баъдан, ин ҳуҷҷатро бо кадом сабаб бошад, ки дар китобхонаи “Остони Қудси Разавӣ”-и шаҳри Машҳад супорида, то ҳол нигаҳдорӣ мекунанд, ки мардуми мусалмони Россия аз ҷумла шаҳрвандони тотору бошқир рафта, ба нигаҳдорони ин ҳуҷҷати таърихӣ сипосгузорӣ мекунанд.

Ҳамин хел имрӯзҳо мардуми Россия, аз ҷумла тотрҳо 1100 солагии расман қабул кардани исломро бо тантана қайд карданд.

Ҳайати эҷодии моҳномаи “Бо дуруд” мардуми тотори Россияро ба ин ҷашни фархунда табрик мегӯяд.

Шамсиддини муқим, Қазон-Болғари Тотористон

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Раҳим Азимов – ягона тоҷик дар Думаи давлатии Русия

Раҳим Азимови 61-сола яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии тоҷиктабор дар Федератсияи Русия ба шумор меравад. Ӯ айни замон вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия ва муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва муқовимат бо коррупсия мебошад.  Раҳим Азимов дар Шӯроби шаҳри Исфараи...


Тоҷикони муваффақ дар Русия

Чеҳраҳое, ки миёни ду кишвар пул месозанд   Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таърихи тӯлонӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорӣ доранд. Имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди ҳар ду кишвар саҳм мегузоранд. Дар баробари...


Раҳимов муаллифи голи 1100-уми “Истиқлол” дар Лигаи олӣ шуд

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов номи худро дар таърихи бошгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голе, ки Раҳимов дар дақиқаи аввали вақти иловагии қисми якуми бозӣ муқобили дастаи “Истаравшан” ба...


Саволу ҷавоб

Ман дар Русия муҳоҷирам. Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам ё се талоқ ё се талоқатро медиҳам”. Дар хотир надорам, ки кадом яке аз ин лафзҳоро гуфтаам. Ҳамсарам...


Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.   Якум, харид аз бозор роҳи хуби...