Тоҷике дар озмуни байналмилалии қироати Қуръон дар Маскав ғолиб гардид

Тоҷике дар озмуни байналмилалии қироати Қуръон дар Маскав ғолиб гардид

Тоҷике дар озмуни байналмилалии қироати Қуръон дар Маскав ғолиб гардид

Бахтовар Сафаров Ӯ тоҷики зодаи Русия аст ва бо чор забон суҳбат мекунад. Аёмиддин Фархудинов, тоҷики зодаи Русия дар озмуни байналмилалии қироати Қуръон дар Маскав ғолиб гардид. Озмуни мазкур маротибаи 21-ум баргузор мешавад ва аввалин маротиба дар он тоҷики зодаи Русия ғолиб мегардад.

 

Дар ин озмун дар умум аз 31 давлати ҷаҳон ҳофизону қориёни Қунъон барои ғолибият рақобат карданд. Тавре аз Созмони ҷамъиятии минтақавии “Ҷамъияти миллӣ- фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон” иттилоъ доданд, дар ин озмуне, ки бисёр пуршиддат ҷараён гирифт, Аёмиддин Фархудинов ғолиб гардид ва ба ӯ раиси Идораи мусулмонони Русия, муфтӣ Шайх Равил Гайнутдин ҷоизаро супорид. Аёмиддин Фархудинов ғайр аз донандаву хонандаи хуби Қръон будан, ҳамчунин бо чор забон - тоҷикӣ, русӣ, арабӣ ва англисӣ озод суҳбат мекунад. Ӯ тоҷик буда, дар вилояти Тулаи Русия таваллуд шудааст. Дар синни 6-солагӣ ба омӯзиши Қуръон шурӯъ карда, аллакай дар синни 10-солагӣ бо роҳбарии падараш дар озмунҳои қироати Қуръон иштирок кардааст. Ҷойи дуюмро Ҳусейн Алиризо Ҳани Бидголӣ аз Эрон ва ҷои сеюмро Исмоил Муҳаммад Яҳё Маниёр аз Ҳиндустон соҳиб шуданд.

 

Оила.тж

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...