АХБОР

АХБОР

Рустами Эмомалӣ назди масҷид дарахт шинонд

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, дар даромадгоҳи асосии Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе шахсан ду дарахти беш аз 60- сола шинонд. Тибқи иттилои котиботи шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ барои вусъати тадбирҳои вобаста ба иқдоми “Шаҳри сабз”, ба кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино рафта, дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд. Манбаъ афзуд, Рустами Эмомалӣ дар даромадгоҳи асосии Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ду дарахти навъи Платон шинонд, ки гуфта мешавад умри беш аз 60-сола доранд.

Рустами Эмомалӣ махсусан таъкид намудаст, ки дар рафти маъракаҳои ниҳолшинонӣ аз маслиҳатҳои мутахассисони соҳа ҷиддӣ истифода карда шавад. Котибот зикр намудааст, ки қаблан Рустами Эмомалӣ дар маҷлиси вакилони халқ муроҷиат дар бораи ба “Шаҳри сабз” табдил додани шаҳри Душанбе карда буд. “Натиҷа ин аст, ки ҳамагӣ давоми як моҳи оғози мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ, дар миқёси шаҳри Душанбе зиёда аз 53 ҳазор дарахтони гуногуни ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуданд”, – омадааст дар матлаб. Манбаъ таъкид кард, ки дар маҷмӯъ, тибқи нақшаи пешбинишуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе ин мавсим беш аз 100 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва зиёда аз 10 миллион адад гулҳои мавсимиву бисёрсола, аз ҷумла 3,5 миллион дона гулҳои лола шинонда ва парвариш меёбад

Корнамоии Фаррух ва Зариф дар Санкт Петербург

Фаррух ва Зариф омадани кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаро интизор нашуда, саъй карданд, ки оташро хомӯш кунанд. Тавре ки ТВ “МИР” хабар медиҳад, ду ҷавонмарди тоҷик дар хомӯшкардани оташ дар як хонаи бисёрошёнаи шаҳараки Всеволожск, маҳаллаи наздикии СанктПетербург кумак карда, чанд нафарро наҷот доданд. Дар шаҳри Всеволожск, муҳоҷирон аз Тоҷикистон боисми Фаррух ва Зариф алангаи як манзилро дар ошёнаи 12-уми бинои истиқоматӣ мушоҳида карда, фавран ба кӯмак шитофтанд. Ин ҷавонон натанҳо ба иҷоранишинон барои тарки бино кумаккарданд, балки омадани кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаро интизор нашуда, саъй карданд, ки оташро хомӯш кунанд. То замоне, ки оташ нишонҳо ба маҳалли ҳолати изтирорӣ расиданд, онҳо ба хонаи оташгирифта об оварда ба хомушнамудани сухтор саркарданд. Дар натиҷаи ин садама кассе осеб надидааст. Тавре хабарнигори ин телевизион аз ҷои ҳодиса хабар медиҳад, Фаррух Умаров ва Зариф Ниёзов – шаҳрвандони тоҷик дар ин шаҳр таи се соли охир кор ва зиндагӣ мекардаанд.

Сергей Катирин: Шаҳрвандони хориҷи ба Русия бо оилаҳояшон биёянд

Роҳбари Палатаи савдо ва саноати Русия (ПСС) Сергей Катирин пешниҳод кард, ки вуруди муҳоҷирони корӣ ба кишвар дар давраи пандемияи коронавирус содда карда шавад, аз ҷумла, имкон дода шавад, ки мутахассисони бо оилаҳои худ биёянд.

Номаи дахлдор ба сарвазир Михаил Мишустин фиристода шуд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба ин санад хабар додааст. Тавре ки Катирин дар номаи худ қайд мекунад, палата аз намояндагони доираҳои тиҷоратӣ дархостҳои зиёдеро дар бораи сабук кардани вуруди хориҷиён ба Русия дар шароити маҳдудиятҳо бо сабаби коронавирус қабул мекунад. Роҳбари Палатаи савдо ва саноат пешниҳод мекунад, ки тасдиқи ҳатмии вуруди мутахассисони хориҷӣ дар ҳар як даъвати минбаъда бекор карда шуда, бо тасдиқи яквақта маҳдуд карда шуда, инчунин ба аъзои оилаи онҳо иҷозати вуруд ба Русия дода шавад. Қаблан рӯзномаи «Известия» бо такя ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода буд, ки миқёси хуруҷи шаҳрвандони корӣ дар Русия афзоиш ёфтааст, шумораи коргарон аз дигар кишварҳо нисбат ба моҳи сентябри соли 2019 коҳиш ёфтааст. Тибқи иттилои ВКД, теъдоди иҷозатномаҳои корӣ коҳиш ёфта, шумораи шаҳрвандоне, ки дар Русия аз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё кор мекунанд, 26 дарсад кам шудааст.

Русия мехоҳад, ки сохтмончиёни тоҷик баргарданд

Вазири сохтмон ва манзилию коммуналии Русия Ирек Файзуллин бо сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов зарурати таҳияи созишномаро дар бораи воридоти муташаккилонаи мутахассисон дар соҳаи сохтмон баррасӣ кард, – хабар медиҳад вебсайти Вазорати сохтмон.

Оид ба таҳияи механизмҳои ҳамкориҳои минбаъда дар доираи созишномаи баимзорасидаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кори муваққатӣ дар Федератсияи Русия мубодилаи муфассали афкор сурат гирифт, – гуфта мешавад дар паём. Пас аз қатъ шудани кор дар сохтмонҳо баҳор, бисёр шаҳрвандони меҳнатӣ ба ватани худ рафтанд. Ҳоло онҳо ба далели баста будани марзҳо наметавонанд ба Русия баргарданд.

Қонуни нави супоридани имтиҳон барои шаҳрвандони хориҷӣ

Думаи давлатии Русия қонуни ҷадид дар бораи тартиби супоридани имтиҳон барои хориҷиён аз забони русӣ, таърих ва ҳуқуқ қабул кардааст. Қонуни марбут ба донистани забони русӣ, таърих ва ҳуқуқи Русия аз ҷониби шаҳрвандони хориҷие, ки хоҳиши кору иқомат дар қаламрави кишварро доранд, такмил дода шуд.

Аз ҷумла барои супоридани имтиҳон қоидаҳои нав муайян карда шудаанд. Маълум шудааст, ки феълан дараҷаи мушкилии имтиҳон аз мақсади сафари хориҷиён ба Русия вобаста хоҳад буд. Яъне имтиҳонсупоранда нияти кор, иқомати муваққатӣ ва ё доимиро дорад. Дар Русия тартиботи ягонаи гузарондани имтиҳон ва баҳои ҳадди ақал муқаррар ва нархи дақиқи имтиҳон муайян карда мешавад. Маврид ба зикр аст, ки минтақаҳои алоҳида феҳрасти муассисаҳоро, ки ҳаққи гирифтани имтиҳонро доранд, мустақилона муайян мекунанд.

Дар асоси қонуни нав, имтиҳонро танҳо муассисаҳое ҳаққи гузарондан доранд, ки шомили феҳрасти расмӣ гардидаанд. Онҳо инчунин ба муҳоҷирон шаҳодатнома медиҳанд, ки муҳлати он аз мақсади ҳузур дар Русия вобаста мебошад. Шаҳодатномаи сесоларо шаҳрвандоне мегиранд, ки ҳаққи иқомати муваққатӣ, кор ва ё патентро доранд. Санади бемуҳлатро барои гирифтани иҷозатномаи иқомат – “ВНЖ” медиҳанд.

Сарчашма: «Спутник»

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Раҳим Азимов – ягона тоҷик дар Думаи давлатии Русия

Раҳим Азимови 61-сола яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии тоҷиктабор дар Федератсияи Русия ба шумор меравад. Ӯ айни замон вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия ва муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва муқовимат бо коррупсия мебошад.  Раҳим Азимов дар Шӯроби шаҳри Исфараи...


Тоҷикони муваффақ дар Русия

Чеҳраҳое, ки миёни ду кишвар пул месозанд   Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таърихи тӯлонӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорӣ доранд. Имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди ҳар ду кишвар саҳм мегузоранд. Дар баробари...


Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.   Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат...


Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.   Ба...


Саволу ҷавоб

Ман дар Русия муҳоҷирам. Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам ё се талоқ ё се талоқатро медиҳам”. Дар хотир надорам, ки кадом яке аз ин лафзҳоро гуфтаам. Ҳамсарам...