6 ноябр – рузи конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон

6 ноябр – рузи конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон

6 ноябр – рузи конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон

6 ноябри соли 1994, дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард.

 

Конститутсияи Ҷум-ҳурии Тоҷикистон, ин санади олии ҳуқуқӣ, аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифта, яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.

Конститутсияи Тоҷи-кистон ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт.

 

«Пресса.тж»

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...